Июл 28, 2020 13:32 Asia/Dushanbe
  • Тақсими бастаҳои ғизоӣ дар байни ниёзмандони шаҳри Мелбурни Австралия

Теъдоде аз онон довталаби мусулмон дар Мелбурн дар буҳрони корона бастаҳои ғизоӣ ба ниёзмандон эҳдо карданд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон, ҳар ҷумъа ин занон аз саросари ҷомеаи мусулмонони ин шаҳр мурғ, суп  ва биринҷро дар ошпазхонаи ресторани мутааллиқ ба Шурои шаҳри Морланд дар шимоли Мелбурн пухт мекунанд.

Раиси ин гуруҳи довталаб умедвор аст ин барнома нигаришҳо дар бораи мушорикати занони мусулмон дар ҷомеаи Австралияро тағйир диҳад.

Афшон Менто, раиси Шурои занони мусулмони Виктория гуфт: Дидгоҳе дар бораи занони боҳиҷоб дар Австралия вуҷуд дорад ва инки онҳо ҳеҷ коре дар ҷомеа анҷом намедиҳанд, вақте мардум ғизоро аз дасти занони мусулмон мегиранд бо дидани фаъолияти занон зеҳнияти онҳо тағйир мекунад.

Ин бонуи мусулмон хотирнишон кард: Донишҷӯён, хонаводаҳо, паноҳндагон ва мардум аз қишрҳои мухталиф ба инҷо меоянд ва ғизоӣ омодашударо таҳвил мегиранд.

Ӯ афзуд: Ин ғизо дар бастаҳои бузурге эҳдо мешавад, ки ҳадди ақал барои тағзияи 3 рӯзи ҳар хонавода кофӣ аст.