Июл 29, 2020 08:46 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои нави Иттиҳодияи Аврупо алайҳи Чин

Иттиҳодияи Аврупо дар чорчуби мухолифат бо иқдомоти Чин дар Гонконг, таҳримҳоеро алайҳи он кишвар вазъ кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садо ва Симо ба нақл аз ИРНА, Иттиҳодияи Аврупо содироти таҷҳизоте, ки метавонад дар саркуби муътаризони гонконгӣ мавриди истифод қарор гирадро ба Чин маҳдуд кард.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин қасд дорад тасҳилоте ба сокинони Гонконг барои паноҳандагӣ ба он Иттиҳодия эъто кунад.

Парлумони Чин ахиран қонуни амнияти миллии Гонконгро тасвиб кард.

Ин қонун, таҷзияталабон ва касоне, ки қасди амалиёти террористӣ ва дахолат дар умури Гонконгро доранд, ҳадаф қарор медиҳад.

Гонконг таи моҳҳои ахир шоҳиди эътирозоти зидди ҳукуматӣ аст.

Амрико ва муттаҳидонаш аз ҷумла Британия аз наҳваи бархурди неруҳои амниятии Чин бо тазоҳуркунандагон интиқод карда ва муддаӣ шудаанд агар Пекин ба озодиҳо дар Гонконг эҳтиром нагузорад бояд мунтазири паёмадҳои ҷиддии ин рӯйкарди худ бошад.

Гонконг аз соли 1842 то 1997 таҳти сайтараи Британия буд, аммо дар соли 1997 ва пас аз поён ёфтани паймони пешин бо Британия ба Чин пайваст.

 

Барчасп