Сиксика аломати нави корона!
Мутахассисони амрикоӣ пас аз баррасии вазъияти як бемори 62 сола, сиксикаро ба унвони аломати нави вируси корона эълом карданд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, мутахассисони амрикоӣ пас аз баррасии вазъи як бемори 62 сола, сиксикаро ба унвони аломати нави вируси корона эълом карданд.
Ин бемор, ки ба гуфтаи пизишкон дучори коҳиши вазни боло шуда буд, пас аз таҳаммули сиксикаи тӯлонӣ ба бемористон муроҷиа кард, ки бо анҷоми озмоиш, ибтилои ӯ ба вируси корона таъйид шуд.
Гарчи ин мард ба диабет мубталост, аммо ҳеҷ асаре аз таб ё илтиҳоби гулӯ дар ӯ дида нашудааст.
То кунун таб, сурфа, дарди бадан ва аз даст додани ҳисси буёӣ ва чашоӣ аз аломатҳои роиҷи КОВИД-19 буда ва ба тозагӣ сардард ҳам ба ин лист изофа шудааст.