Август 09, 2020 21:28 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни иди Ғадири Хум дар Покистон

Ҷашни иди Ғадири Хум бо риояти тамҳидоти бедоштӣ дар Покистон баргузор шуд.

Ба гузориши рӯзи якшанбеи Ирна, миллионҳо нафар аз шиаёни Покистон ва дӯстдорони аҳли байти исмат ва таҳорат алайҳимсалом дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар, оинҳои ҷашни иди саъиди Ғадири Хумро бо риояти протоколҳои беҳдоштӣ баргузор карданд.

Марокизи исломӣ мутааллиқ  ба шиаён таи шаби гузашта ва имрӯз дар шаҳрҳои Исломобод, Ровалпанди, Лоҳур, Карачи, Квейта, Ҳайдаробод, Эскарду ва Файсалобод шоҳиди ҳузури пайравони вилоят ва имомат буда, ки дар ҷашни эъломи имомати Имом Али (а) ба мавлудихонӣ, зикри дуо ва қасидасароӣ пардохтанд.

Раҳбарони мазҳабии Покистон, ба вижа уламои аршади шиа ва аҳли тасаннун таи суханоне дар ин маросим бар тақвияти инсиҷоми исломӣ барои муқобила бо душманони муштарак ва баҳрагирӣ аз майманат ва шеваи зиндагии Аҳли байт (а) таъкид карданд.

Дирӯз (шанбе) 18 зул-ҳиҷҷа соли 1441 ҳиҷрӣ-қамарӣ мусодиф бо 8 августи 2020 рӯзи иди саъиди Ғадири Хум, аз идҳои бузурги мусулмонон, буд.

Ғадири Хум, номи минтақае байни Макка ва Мадина аст, ки Ҳазрат Муҳаммад (с) паёмбари гиромии ислом дар Ҳаҷҷатул-Видоъ, Ҳазрат Имом Али (а) имоми аввали шиаёни ҷаҳонро "вали" паз худ эълом карданд.

Паёмбари гиромии ислом (с) дар бозгашт аз охирин Ҳаҷҷи худ, ҳама мусулмононе, ки дар ин маросим ширкат доштанд, дар минтақаи Ғадири Хум ҷамъ ва дар ин макон, Ҳазрат Имом Али(а)-ро ба унвони васӣ, бародар ва ҷонишини худ аз ҷониби Худованди мутаол муаррифӣ карданд.

Паёмбари гиромии ислом (с) дар хитобаи муҳими Ғадири Хум фармуданд: "Ҳар он кас, ки ман мавлои ӯ ҳастам, пас аз ман Али мавлои ӯст"

Барчасп