Август 11, 2020 13:42 Asia/Dushanbe
  • Таиди ниҳоии ҳукми озодии зиндониёни Толибон аз сӯи давлати Афғонистон

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ- раиси ҷумҳури Афғонистон ҳукми озодии охирин гурӯҳ аз зиндониёни дархостии гурӯҳи Толибонро имзо кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Рейтерз, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ рӯзи душанбе бо имзои ҳукме эълом кард, 400 зиндонии боқимонда аз 5 ҳазор зиндонии ин гурӯҳ ба зудӣ озод мешаванд.

Аъзои Луя Ҷиргаи машваратии сулҳи Афғонистон рӯзи якшанбе пас аз се рӯз гуфтугӯ бо судури қатъномаи поёнӣ бо озодии 400 зиндонии боқимондаи Толибон мувофиқат карданд.

Давлати Афғонистон ин 400 зиндониро ба далели ҷурмҳое аз ҷумла қатлу таҷовуз ва қочоқи маводи мухаддир озод накарда буд.

Толибон ҳам ҳудуди ҳазор зиндонии давлати Афғонистонро озод кардааст.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ҳам имрӯз эълом кард, музокироти байнулафғонӣ як ҳафта пас аз озодии зиндониёни ин гурӯҳ аз тарафи давлати Афғонистон, оғоз мешавад.

 

Барчасп