Вокуниши Трамп ба интихоби Камала Ҳаррис ба унвони муовини Ҷо Бойден
Раиси ҷумҳури Амрико сенатори амрикоӣ ва муовини интихобии рақиби демократи худ дар рақобатҳои интихоботи раёсатҷумҳуриро дурӯғгӯ хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Доналд Трамп дар вокуниш ба интихоби Камала Ҳаррис, сенатори иёлати Калифорния ба унвони муовини Ҷо Бойден- номзади аслии Ҳизби демократ гуфт: Камала Ҳаррис касе аст, ки достонҳои бисёр зиёде гуфтааст, ки ҳақиқат надоштанд ва ба шиддат ба думболи афзоиши андоз аст.
Трамп афзудааст, ки Камала Ҳаррис ба думболи коҳиши буҷети низомӣ дар сатҳе аст, ки касе наметавонад бовар кунад ва ҳамчунин мухолифи ширкатҳои газӣ ва тавлидоти петрохимӣ аст.
Ҷо Бойден рӯзи сешанбе эълом кард сенатор Камала Ҳаррисро ба унвони муовини худ баргузидааст.
Ҳаррис нахустин зани амрикоӣ африқоие аст, ки ба унвони муовини номзади раёсатҷумҳурии Амрико аз як ҳизби аслӣ интихоб шудааст.