Интиқоди Туркия аз гуруҳи Минск барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56444-Интиқоди_Туркия_аз_гуруҳи_Минск_барои_ҳалли_муноқишаи_Қарабоғ
Дар паи интиқодҳои мақомҳои давлати Боку ва бисёре аз коршиносони озарӣ аз бетаваҷҷуҳии раисони муштараки гуруҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои поён додан ба муноқишаи Қарабоғ, Туркия низ аз амалкарди ин гуруҳ интиқод кардааст.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Август 13, 2020 10:32 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Туркия аз гуруҳи Минск барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ

Дар паи интиқодҳои мақомҳои давлати Боку ва бисёре аз коршиносони озарӣ аз бетаваҷҷуҳии раисони муштараки гуруҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо барои поён додан ба муноқишаи Қарабоғ, Туркия низ аз амалкарди ин гуруҳ интиқод кардааст.

Дар ин иртибот, Мавлуд Човуш Уғлӯ- вазири умури хориҷаи Туркия гуфтааст: Раисони гуруҳи Минск барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ, талош намекунанд.

Ҷайҳун Бойромов, вазири умури хориҷаи ҷадиди Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар нахустин сафари хориҷии худ ба Туркия рафтааст - дар дидор бо ҳамтои турки худ, гуфт: Роҳҳои ҳалли муноқишаи Қарабоғ мушаххас аст ва мавзеи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар бораи он қотеъ ва тағйирнопазир аст.

Мавлуд Човуш Уғлӯ, вазири умури хориҷаи Туркия низ пас аз ин дидор, гуфт: Раисони амрикоӣ, русӣ ва фаронсавии гуруҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, ки миёнҷигарӣ барои сулҳи Қарабоғро ба уҳда доранд, барои ҳалли муноқишаи Қарабоғ талош намекунанд.

Ба рағми изҳороти мақомҳои давлати Туркия дар ҳимоят аз Ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҷараёни муноқишаи Қарабоғ, бояд гуфт тардиде нест, то замоне, ки Арманистон иддаои мавриди назари худ бар асари наслкушии аромана тавассути импиратории Усмонӣ байни солҳои Ҷанги ҷаҳонии аввалро дар сатҳи байналмиллалӣ матраҳ мекунад, мақомҳои Анқара аз лоянҳал мондани муноқишаи озари - арманӣ дар ҷиҳати манофеи Туркия суд мебаранд. Дар ҳоли ҳозир, бетафовутии ғарб барои поён додан ба муноқишаи Қарабоғ бо манофеи давлатҳои бегона ва кишварҳои хориҷ аз минтақа мутобиқат дорад. Мавозеи Туркия низ бо мавозеи Ғарб дар ҷараёни муноқишаи озарӣ - арманӣ ҳамоҳангтар аст. Бо вуҷуди ин воқеият, ба назар мерасад мақомҳои Анқара бо изҳори назарҳои тунд алайҳи Арманистон ва тарҳи масоиле дар ҷиҳати манофеи Ҷумҳурии Озарбойҷон, талош мекунанд аз манофеи ҳарчи бештари Туркия дар раванди ҷории муноқишаи Қарабоғ баҳрабардорӣ кунанд.

Мақомҳои давлати Илҳом Алиев, ки аз раванди ҷории танишҳо ва даргириҳо бо Арманистон ба шиддат аз сӯи мардуми мусулмони Ҷумҳурии Озарбойҷон таҳти фишор қарор доранд, бо интиқод аз амалкарди гуруҳи миёнҷигари Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо, талош мекунанд ин гуруҳро ба таҳарруки ҳар чи бештар водор созанд.

Дар ҳоле, ки раисони муштараки гуруҳи Минск шомили Амрико, Фаронса ва Русия, ба далели бетаваҷҷуҳӣ ба раванди ҳалли муноқишаи Қарабоғ мавқеияти худро аз даст додаанд. Дар ин миён, ба рағми бетаваҷҷуҳиҳо, Русия дар ин замина фаъол аст ва мақомҳои Маскав ҳамаи талоши худро ба кор гирифтаанд то муноқишаи озарӣ - арманиро ба танҳоӣ ва бидуни мушорикати дигар кишварҳо ба натиҷа бирасонанд. Ба ҳамин далел, раванди ҳалли муноқишаи Қарабоғ кунд шудааст. Амрико ва Фаронса низ ба унвони дигар раисони муштараки гуруҳи Минск, ки дар амал мавозеи бетарафонаи худро аз даст додаанд, талош мекунанд раванди ҷориро муғоир бо манофеи давлат ва мардуми мусулмони Ҷумҳурии Озарбойҷон ба натиҷа бирасонанд.  Дар ҳамин иртибот, Элдар Намозов- дастёри пешини раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва соҳибназар ва коршиноси сиёсӣ муътақид аст: Дигар гуфтугӯҳои Қарабоғ фоидае надорад ва замони иқдомоти ҷиддӣ ва қотеъона фаро расидааст. Ба назар мерасад, ки Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар музокирот хеле бурдборӣ нишон медод, ба ин бовар расидааст, ки тарафи муқобил аз тамомии "хутути қирмиз" убур кардааст. Зимни он ки иқдомоти Никол Пашиниян, нахуствазири Арманистон бар рӯи фаъолияти тӯлонимуддати гуруҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо низ хатти бутлон кашида аст.

Бо таваҷҷуҳ ба мавозеъи воқеии раисони гуруҳи Минск дар қиболи ҳалли муноқишаи Қарабоғи кӯҳистонӣ, баид аст ин муноқиша бо мушорикати раисони феълии гуруҳи Минск ба натиҷа бирасад. Бо вуҷуди ин, тардиде нест, ки иттихози мавозеи мақомҳои Анқара дар қиболи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар раванди муноқишаи Қарабоғ бо манофеъи миллии Туркия мутобиқат дорад. Дар айни ҳол, имтиёзоти давлати Илҳом Алиев ба Туркия дар заминаи судури энержии арзон ва табдили ин кишвар ба "Ҳоб"* энержӣ, таи чанд соли гузашта мақомҳои Анқараро ба ҳимояти ҳар чи бештар аз давлати Боку тарғиб кардааст.