Талоши Трамп барои музокираи мустақим бо Башор Асад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56487-Талоши_Трамп_барои_музокираи_мустақим_бо_Башор_Асад
Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт:Доналд Трамп барои музокираи мустақим ба раисҷумҳури Сурия нома навиштааст.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Август 15, 2020 10:39 Asia/Dushanbe
  • Талоши Трамп барои музокираи мустақим бо Башор Асад

Вазири умури хориҷаи Амрико гуфт:Доналд Трамп барои музокираи мустақим ба раисҷумҳури Сурия нома навиштааст.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Майк Пампео рӯзи ҷумъа бо эъломи ин хабар афзуд: Трамп дар ин нома хостори музокираи мустақим бо Башор Асад-раисҷумҳури Сурия дар мавриди парвандаи Аустин Тисе- рӯзноманигори амрикоии нопадидшуда дар Сурия шудааст.

Давлати Амрико аз ибтидои оғози буҳрон дар Сурия ҳамвора бо ҳимоят аз гурӯҳҳои террористӣ талош карда, то давлати Димишқро сарнагун кунад.

Буҳрон дар Сурия аз соли 2011 бо таҳоҷуми густурдаи гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Арабистон, Амрико ва муттаҳидонашон барои тағйири муодилоти минтақа ба нафъи режеми саҳюнистӣ оғоз шуд.