Трамп бародарашро аз даст дод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56556-Трамп_бародарашро_аз_даст_дод
Бародари хурдии Раиси Ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе дар бемористони Ню-Йорк фавт кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 16, 2020 09:06 Asia/Dushanbe
  • Трамп бародарашро аз даст дод

Бародари хурдии Раиси Ҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе дар бемористони Ню-Йорк фавт кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Си Эн Эн, Кохи сафед бо интишори баёнияе аз даргузашти Роберт Трамп бародари хурдии Раиси Ҷумҳурии Амрико Доналд Трамп хабар дод.

Бар асоси ин баёния, Роберт Трамп шаби ҷумъа дар синни 71 солагӣ даргузашт.

Раиси Ҷумҳурии Амрико шаби шанбе бо интишори паёме хабари даргузашти бародарашро эълом кард.

Роберт Трамп моҳи июн беш аз як ҳафта дар бемористон бистарӣ шуда буд, аммо аммо ҷузъиёти бемории ӯ ва иллати маргаш эълон нашудааст.

Роберт Трамп моҳи июн ҳукми муваққатӣ алайҳи бародарзодааш Мэри Трамп гирифт то ҷилави интишори китоби ифшогаронаи ӯ дар бораи Доналд Трампро бигирад. Аммо қозии додгоҳи Иёлоти Ню-Йорк баъдан дархости ҷилавгирӣ аз чопи китобро рад кард ва китоб мунташир шуд.

Роберт Трамп мудири тиҷорӣ ва сохтмонсоз буд.