Август 19, 2020 09:41 Asia/Dushanbe
  • Муколимаи Трамп бо худо барои тамдиди даврони раёсати ҷумҳуриаш

Раиси Ҷумҳурии Амрико дар ҷамъи ҳаводоронаш аз гуфтугӯи худ бо худованд барои тамдиди раёсати ҷумҳуриаш ба 12 сол сухан гуфт.

Раисҷмҳури Амрико дар ҷамъи ҳаводоронаш аз гуфтугӯи худ бо худованд барои тамдиди раёсатҷумҳуриаш ба 12 сол сухан гуфт. 
 
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Индипендент, «Доналд Трамп» раисҷумҳури Амрико дар ҷамъ ҳаводоронаш дар Минисота гуфт: шуйюи корона «озмуни худованд» аз ӯ аст то «олитариин иқтисоди ҷаҳон»- ро бозсозӣ кунад. 
 
Ӯ афзуд: «Медонед ин худост, ки маро озмоиш мекунад ва ба ман мегӯяд ту як бор анҷомаш додӣ. Ман ҳам гуфтам оё корам олӣ буд, худо? Ман танҳо касе ҳастам, ки метавонад ин корро анҷом бидиҳад. Худо ҳам гуфт набояд инро мегуфтӣ, аммо ҳоло, ки гуфтӣ бояд коре кунем дубора ҳам анҷомаш бидиҳи! » 
 
Трамп сипас бо ишора ба изҳори назари расонаҳои мухталиф гуфт: «Онҳо мегӯянд чаҳор сол; Ман гуфтам 12 сол эълом кунед то девона шаванд.» 
 
Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико тирамоҳи имсол баргузор мешавад. Назарсанҷиҳо дар шароити кунунӣ ҳокӣ аз ақиб афтодани Трамп аз рақиби демократи худ Ҷо Бойден дар рақобатҳои интихоботӣ аст.

Барчасп