Иддаои Кушнер: Трамп ба думболи сулҳ бо Эрон аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56698-Иддаои_Кушнер_Трамп_ба_думболи_сулҳ_бо_Эрон_аст
Мушовири калони Раиси Ҷумҳурии Амрико муддаӣ шуд; Вашингтон ба думболи расидан ба сулҳ бо Теҳрон аст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 20, 2020 12:58 Asia/Dushanbe
  • Иддаои Кушнер: Трамп ба думболи сулҳ бо Эрон аст

Мушовири калони Раиси Ҷумҳурии Амрико муддаӣ шуд; Вашингтон ба думболи расидан ба сулҳ бо Теҳрон аст.

 Ба гузориши хабаргузории Форс, дар ҳоле, ки Амрико ҳамакунун дар талош аст бо фаъолсозии механизми Моша, таҳримҳои Созмони Милали Муттаҳид алайҳ Эронро бозгардонад, «Ҷорҷ Кушнер» иддао кард, агар «Доналд Трамп» барои дувумин даври раёсатҷумҳурӣ ба пирӯзи бирасад, вориди музокироти сулҳ бо Теҳрон хоҳад шуд. 
 
 Кӯшнер бо такрори иддаои тамоюли Вашингтон барои расидан ба сулҳ бо Теҳрон, гуфт: Трамп мехоҳад дар даври баъдии риёсатҷумҳурии худ бо «Ҳасан Руҳонӣ» раисҷумҳур ва дигар масъулони эронӣ дидор кунад. 
 
 Давлат Амрико баъд аз хуруҷ аз Барҷом (8 майи 2018) ба иқдомоти таҳрикомез алайҳи Эрон рӯй овардааст. 
 
 Бо ин вуҷуд, Трамп, ки ваъда медод бо иҷрои сиёсатҳои сахтгирона алайҳи Эрон, метавонад ин кишварро барои ақди тавофуқи беҳтар пойи мизи музокира биоварад ба далели ноком мондани барномҳҳояш дар қиболи Эрон алорағми ташдиди танишҳо, дар Амрико таҳти фишор қарор гирифтааст. 
 
 Ин дар ҳоле аст, ки раисҷумҳури Амрико бомдоди якшанбе зимни изъон ба ин, ки аз шикаст хӯрдани қатъномаи тамдиди таҳрими таслиҳотии Эрон дар Шӯрои амният огоҳӣ доштанд, аз талош барои эҳёи таҳримҳои Созмони Милали  Муттаҳид алайҳ Эрон хабар дод.