Август 23, 2020 12:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳазфи коргарони муҳоҷири тоҷик аз дарёфткунандагони ҳуқуқи бознишастагӣ дар Русия

Раиси Ҷумҳурии Русия созишномаи пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони муҳоҷири кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии Авруосиёро барои тасвиб ба маҷлиси думаи ин кишвар ирсол кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз сомонаи Рияновости , Владимир Путин бо ин иқдом заминаи пардохти ҳуқуқи бознишастагӣ ба коргарони мҳоҷири хориҷиро, ки атбои кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳастанд фароҳам кард .
Тоҷикистон ба далели узвият  надоштан  дар ин  ниҳоди ҳамкории минтақаӣ аз ин имтиёз маҳрум аст .
Бар асоси ин қонуни коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки атбои кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ҳастанд, метавонанд дар маҳали иқомати худ аз Русия  ҳуқуқи бознишастагӣ дарёфт кунанд .
Ин имтиёз  шомили касоне мешавад, ки дар муддати фаъолияти худ дар Русия  маблағеро ба унвони молиёт ва бимаи иҷтимоӣ пардохт карда бошанд .
 Аз миёни кишварҳои Осиёи марказӣ Қазоқистон ва Қирғизистон ба далели узвият дар иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё аз ин имтиёз  бархурдор хоҳанд шуд .
Мақомоти Вазорати кору муҳоҷирати Тоҷикистон солиёни зиёде аст, ки бо Русия дар мавриди пардохти ҳуқуқи бознишастагии коргарони муҳоҷири худ музокира мекунанд, ки то ба ҳол бе натиҷа буда аст .

Барчасп