Август 24, 2020 14:19 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Чин бо ҳаргуна фишор ва таҳрим алайҳи Эрон

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Чин таъкид кард, Пекин бо ҳаргуна фишор ва таҳрим алайҳи Эрон мухолиф аст ва музокираро танҳо роҳи ҳалли масъалаи ҳастаии Эрон медонад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Ҷао Ли Ҷиян рӯзи душанбе дар нишасти хабарӣ дар ҷамъи хабарнигорон дар Пекин зимни эъломи мухолифати кишвараш бо ҳаргуна сиёсати фишор ва таҳрим алайҳи Эрон афзуд: Ҳамонгуна, ки Ваг Йи- вазири умури хориҷаи Чин ҳам ёдоварӣ кард, Амрико бо хориҷ шудан аз тавофуқи ҳастаӣ ҳаққи дархост аз Шурои амният барои фаолсозии механизми моша (snapback)-ро надорад.

Ва бо ишора ба ин ки фишори Амрико ба Шурои Амният, ин шуроро бо буҳрон рӯбарӯ мекунад афзуд: Радди қотеонаи пешнависи тамдиди таслиҳотии Эрон дар Шурои амният нишон дод, ки якҷонибагароӣ мавриди ҳимоят қарор намегирад.

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Чин ба маҳдудиятҳои Амрико барои ширкатҳои чинӣ низ ишора кард ва гуфт: Трамп ба баҳонаи амнияти миллӣ ба дунболи заъиф кардани ширкатҳои чинӣ аст.

Ҷао Ли Ҷиян гуфт: Чин аз ширкатҳояш ҳимоят мекунад ва Амрико бояд шароити рақобати ширкатҳои чиниро фароҳам кунад.

Барчасп