Трамп: Бойден бояд тести эътиёд бидиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i56904-Трамп_Бойден_бояд_тести_эътиёд_бидиҳад
Раиси ҷумҳури Амрико бори дигар рақиби демократи худро ба тамасхур гирифт ва гуфт Бойден бояд пеш аз мунозираҳои интихоботӣ тести эътиёд бидаҳд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 27, 2020 08:49 Asia/Dushanbe
  • Трамп: Бойден бояд тести эътиёд бидиҳад

Раиси ҷумҳури Амрико бори дигар рақиби демократи худро ба тамасхур гирифт ва гуфт Бойден бояд пеш аз мунозираҳои интихоботӣ тести эътиёд бидаҳд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Доналд Трамп бомдоди панҷшанбе дар гуфтгӯи ихтисосӣ бо рӯзномаи Вашингтон Эгзаминер гуфт, Ҷо Бойден, номзади демократҳо дар мунозираҳои дарунҳизбӣ бисёр бад амал кард, аммо ногаҳон дар охирин мунозира дар баробари Беренӣ Сандерз бисёр хуб зоҳир шуд.

Трамп гуфт, ба иллати пешрафти ногаҳонӣ тавонмандии Бойден дар мунозира, мехоҳад дархост кунад, ки пеш аз шуруи мунозираҳо миёни ӯ ва Бойден тести маводи мухаддир аз номзади демократҳо гирифта шавад.

Бо ин ҳол Трамп нагуфт, ки аз кадом ниҳод мехоҳад аз Бойден тести маводи мухаддир бигирад.

Аввалин мунозира миёни Трамп ва Бойден барои моҳи оянда барномарезӣ шудааст.

Трамп борҳо Бойденро ба сухра гирифта ва ӯро ба далели иштибоҳоти лафзӣ ва мунсаҷим набудани суханонаш мавриди интиқод қарор додааст.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико сеюми ноябри 2020 баргузор хоҳад шуд.