Афзоиши шумори қурбониёни сел дар Афғонистон+видео
(last modified Thu, 27 Aug 2020 12:37:53 GMT )
Август 27, 2020 17:37 Asia/Dushanbe

Теъдоди қурбониёни сели рӯзи чоршанбе дар се вилояти Парвон, Каписо ва Кобули Афғонистон ҳамчунон меафзояд.   

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муҳаммадқосим Ҳайдарӣ, муовини вазири давалат дар умури ҳаводиси Афғонистон гуфт, шумори талафоти сел ба 151 нафар расида, аммо ин рақам омори ниҳоӣ нест.

Ҳанӯз арзёбии дақиқе аз мизони хисороти сел низ сурат нагирифтааст.

Тамим азимӣ, сухангӯи вазорати умури ҳаводиси Афғонистон низ дар ин нишасти хабарӣ шумори маҷруҳони селро низ ҳудуди 250ӣ ҳазор нафар эълом кард ва афзӯд, талафоти сел дар вмлояти Парвон байни 85 то 100 нафар аст.

Пас аз Парвон, Кобул бо 19 кушта ва Кописо бо 17 кушта бештариниталафоти селро доранд.

Амалиёти ҷустуҷӯи ҷасадҳо ва наҷоти афроди дармонда дар манотиқи селзада ҳамчунон идома дорад.