Афзоиши талафоти сел дар Афғонистон
Талафоти сел дар Афғонистон аз ҷонбохтани 165 тан ва масдум шудани беш аз 250 нафари дигар дар 13 остони ин кишвар ҳикоят дорад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Ирна, сухангӯи остони Парвони Афғонистон Ваҳида Шаҳкор рӯзи шанбе бо ташреҳи охирин вазъияти манотиқи селзада дар ин остон гуфт, ки токунун 116 ҷасад аз зери овор берун кашида ва ҳамчунин 126 масдум роҳии бемористонҳо шудаанд.
Вай афзуд: омори кушташудагон ҳар лаҳза дар ҳоли тағйир аст ва гурӯҳҳои наҷот дар талошанд то боқимондаи афроде, ки эҳтимолан дар зери овор мондаанро аз зери овор хориҷ кунанд.
Шаҳкор изофа кард, ки бар асари сели ахир ҳудуди ҳазор хона тахриб шудааст ва кӯмакҳои муассисоти дохилӣ ва хориҷӣ дар ин остон барои афроди бехонумон идома дорад.
Вазорати умури ҳаводиси табии Афғонистон ҳам аз кушта шудани 49 тани дигар дар остонҳои Кобул, Пактия,Нангаҳор, Панҷшер, Майдони Вардак ва Кописо хабар дода ва эълом кардааст, ки дар ин остонҳо садҳо тан масдум шудаанд, садҳо хона тахриб шуда ва ҳазорон гектор замини кишоварзӣ низ аз байн рафтааст.
Соати 3 бомдод 26 август бар асари бориши шадиди борон дар 13 остони Афғонистон, аз ҷумла шаҳри Чорикор, маркази остони Парвон, сели вайронгаре ҷорӣ шуд, ки талафот ва хасороти фаровонеро бар мардуми ин манотиқ ворид кардааст.