Октябр 09, 2016 11:31 Asia/Dushanbe
  • Баррасии тарҳи қонуни афви коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Думои Русия

Намояндагони маҷлиси Думои Русия, тарҳи қонуни афви коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар ин кишварро, дар баррасии нахуст тасвиб карданд.

Ба гузориши соияти "Sputnik", дар сурати тасвиби ниҳоии ин тарҳ, он идда аз коргарони муҳоҷирони хориҷие, ки қавонини кору иқомат дар қаламрави устонҳо ва шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва атрофи ин манотиқро нақз кардаанд, аз Русия ихроҷ нахоҳанд шуд.

Зеро бар асоси ҳукми додгоҳои Русия, дар ҳоли ҳозир коргарони муҳоҷири ихроҷӣ аз ин кишвар ба муддати 5 сол аз ҳақи вуруд ба қаламрави Русия маҳрум мешуданд. Аммо дар қонуни ҷадид, муқаррароти афви коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русия таъкид шудааст, ки дар сурати нақзи муқаррароти кору иқомати ин афрод тайи як сол пас аз афви онон, мутахаллифин ба таври худкор аз қаламрави Русия ихроҷ ва ба муддати 5 сол мамнуълвуруд хоҳанд шуд.

Бар асоси қонуни феълӣ бо ҳукми додгоҳҳои Русия, коргарони ихроҷии хориҷӣ илова бар бозгашти иҷборӣ ба кишварҳои хеш, муваззаф ба пардохти маблағи 7 ҳазор рубл ҷаримаи молӣ низ мешаванд.

Коршиносон далели таҷдиди назар дар қонуни ихроҷи коргарони муҳоҷири хориҷӣ дар Русияро эътирози додгоҳи Қонуни асосии ин кишвар увон мекунанд, ки муътақид аст, муқаррароти феълӣ дар ин замина муғойир бо Қонуни асосии Русия мебошад.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси гузориши Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон, агар дар моҳи октябри соли 2015 теъдоди коргарони муҳоҷир ихроҷии тоҷикистонӣ аз Русия 130 ҳазор нафар буда, ин омор дар авоили октябри имсол ба 320 ҳазор нафар расидааст.