Тасмими Амрико барои ҳафт мақоми Белорус
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57065-Тасмими_Амрико_барои_ҳафт_мақоми_Белорус
Як дипломати америкоӣ аз таҳрими ҳафт мақоми Белорус аз ҷониби Вашингтон хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 02, 2020 09:56 Asia/Dushanbe
  • Тасмими Амрико барои ҳафт мақоми Белорус

Як дипломати америкоӣ аз таҳрими ҳафт мақоми Белорус аз ҷониби Вашингтон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон аз Ройтерз , як мақоми аршади вазорати хориҷаи Амрико, ки хост номаш фош нашавад гуфт : Вашингтон дар ҳоли баррасии таҳрими ҳафт  мақом Беларусӣ аст, ки дар тақаллуб дар натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Беларус ва хушунат  алайҳи эътирозоти сулҳомез нақш доштаанд .
Ин дипломати амрикоӣ ҳамчунин гуфтааст дар сурате, ки маълум шавад Русия низ дар интихоботи Беларус мудохила карда, Вашингтон таҳримҳоеро низ алайҳи Маскав дар назар хоҳад гирифт .  
Вазирони умури хориҷаи иттиҳодияи аврупоӣ ахиран дар иқдоми  мудохилаҷӯёна дар умури Беларус , мувофиқати худро бо таҳрими 20 мақоми аршади Беларус ба иттиҳоми тақаллуб дар интихоботу саркуби мухолифон эълом карданд .
 Александр Лукошенко Раиси Ҷумҳурии Беларус  кишварҳои аврупоӣ ва Амрикоро омили пушти пардаи нооромиҳои пас аз интихоботи кишвараш медонад .