Сентябр 03, 2020 17:58 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи беҳдоштии муҳимми Дуэйн Ҷонсон пас аз гирифтор шудан ба куруно

Бозигари машҳури нақшҳои экшн эълом кард, ҳам худ ва ҳам хонаводааш ба вируси куруно мубтало шудаанд.

Дуэйн Ҷонсон, гӯштигири собиқ ва яке аз бозигароне, ки бештарин дастмуздро дар дунёи синамо дарёфт мекунад бо интишори видеое дар сафҳаи Инстогаромаш эълом кард, худаш, ҳамсараш ва ду духтараш бо вуҷуди риояти комили нукоти беҳдоштӣ ба Ковид 19 мубтало шудаанд, аммо акнун давраи бемориро пушти сар гузошта ва рӯ ба беҳбуданд.

Ҷонсони 48 сола ва ҳамсари 35 солааш ду духтари чаҳор ва ду сола доранд ва ҳудуди 18 рӯз қабл ба куруно мубтало шудаанд.

Вай гуфтааст, бемориро аз дӯсти хеле наздики хонаводагишон гирифтанд, ки аслан намедонист мумкин аст, ноқили беморӣ бошад.

Ҷонсон гуфтааст, куруно бо захмҳо ё ҳатто шикастгиҳои устухон, ки то ба ҳол чандбор таҷриба карда бисёр мутафовит будааст.

Вай ҳамчунин гуфт: «гиҷ мешавам вақте мебинам иддае, аз ҷумла бархе аз сиёсатмадорон мегӯянд, моск задан зарурат надорад ва ин корро сиёсӣ мекунанд.»

Ҷонсон зимни тавсияи акид ба ҳамагон барои моск задан, таъкид кардааст, ки моск задан ҳеҷ рабте ба сиёсат надорад ва коре дуруст ва масъулона аст.

Бисёре аз тарафдорони Доналд Трамп ҳамчун худи ӯ аз задани моск худдорӣ мекунанд.