Дархости НАТО барои таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи масмумияти Навалний
(last modified Sat, 05 Sep 2020 16:34:30 GMT )
Сентябр 05, 2020 21:34 Asia/Dushanbe
  • Дархости НАТО барои таҳқиқоти байналмилалӣ дар бораи масмумияти Навалний

Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) хоҳони таҳқиқоти байналмилалӣ дар мавриди масмум шудани раҳбари мухолифони давлати Русия бо омили аъсоби Новичук шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садоии Хуросон ба нақл аз Ирна, Ҷенс Столтенберг ( Jens Stoltenberg ) дабири кулли Нато  пас аз ҷаласаи рӯзи шанбе гуфт, ки тамоми  аъзо дар маҳкум  сохтани ҳамлаи " даҳшатнок  " ба Алексей Навалний ҳамсадо буданд .
Дар ин ҷаласа , Олмон ки мӯътаризи рус дар он кишвар  машғули дармон аст дар мавриди ин парванда ба 29 узви дигари нато гузориш дод ва  Столтенберг низ гуфт шавоҳиди муҳкам нишон медиҳад, ки аз омили Навичук истифода шудааст .
Омили Навичук ё гази навичук ба дастае аз омилҳои асабӣ гуфта мешавад, ки байни солҳои 1971 то 1993 дар Шуравӣ ва Русия тавлид шудаанд .
Иттиҳодияи Аврупо ва дигари қудратҳо низ зимни он ки аз созмони манъи силоҳҳои шимиёӣ хостаанд то таҳқиқотӣ дар ин замина анҷом диҳад , дар бораи таҳқиқоти давлати Русия  ибрози бадбинӣ кардаанд .
 Алексии Навалний ҳафтаи гузашта дар ҳоле, ки аз Томск дар Сибир  ба Маскав парвоз мекард пас аз дучори оризаи шадид шудан дар фурӯдгоҳи Омски Сибир , дар бемористон бистарӣ шуд .
Вай сипас ба бемористоне дар Берлини Олмон мунтақил шуд .