Сентябр 06, 2020 09:23 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ноамниҳо дар вилояти Форёби Афғонистон

Дар даргириҳои ахир нерӯҳои амниятии Афғонистон бо гурӯҳи Толибон дар шаҳристони Қайсор, 47 узви ин гурӯҳ кушта ва 26 тани дигар захмӣ шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Ориё нюз , остондори Форёб гуфт : дар ин даргириҳо, ки аз чанд рӯзи гузашта оғоз шуда ва ҳамчунон идома дорад , беш аз ду ҳазор хонавода овора шудаанд.
Нақибу‌ллоҳ Фоиқ бо баёни ин ки Толибон то наздикии бозори Қайсор пеш рафтанд ва афзуд, ки барои муқовимат бо ҳамлаҳои Толибон ба шаҳр нерӯҳои иловагӣ фиристода шудаанд. 
Остондори форёбӣ афзуд : дар ҳоли ҳозир ҳамалот аз замину ҳаво  алайҳи мавозеи Толибон идома дорад ва ин гурӯҳ дар ҳоли ақабнишинии бархе аз рустоҳои Қайсор аст .
Вай дар бораи талафоти нерӯҳои давлатии Афғонистон дар  ин даргириҳо ишорае накард .
Форёб аз вилоёти ноамн дар шимол Афғонистон аст, ки беш аз 70 дар сади он дар тасарруфи Толибон қарор дорад .

Барчасп