Сентябр 06, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Ниҳоди амрикоӣ: 30 дарсади низомиёни бозгашта аз Афғонистон ихтилоли равонӣ доранд

Шурои миллии беҳдошти рафтории Амрико эълом кард, ки 30 дарсад аз низомиёни эъзомшудаи ин кишвар ба Афғонистон ва Ироқ, дучори ихтилолоти равонӣ шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, Шурои миллии беҳдошти рафтории Амрико эълом кард 730 ҳазор нафар аз неруҳои низомӣ, ки ба Афғонистон ва Ироқ эъзом шудаанд дучори ихтилолоти равонӣ ҳастанд ва бисёре аз онҳо низ стресси пас аз ҳодиса (PTSD) ва афсурдагии шадидро таҷриба мекунанд.

Бар асоси ин гузориш, рӯзона ба таври миёнгин 22 низомии амрикоӣ бар асари худкушӣ фавт мекунанд.

Пеш аз ин низ рӯзномаи «Нию-Йорк Таймз» дар гузорише, аз раванди рӯ ба афзоиши мизони худкушӣ байни низомиёни амрикоӣ хабар дода буд.

Ба гуфтаи коршиносони низомӣ, таи солҳои 2013 то 2017 беш аз 45 ҳазор низомии амрикоӣ худкушӣ кардаанд ва ин омор дар соли 2018 ба адади рӯзона 24 худкушӣ расида буд.

 

Барчасп