Сентябр 07, 2020 18:30 Asia/Dushanbe
  • Асбҳо барои дармони корона ба кумак меоянд

Муҳаққиқони коста-рикаӣ бо таҷрибаи истифода аз антибодиҳои асб барои эҷоди зиддизаҳрҳои мор, антибодии вируси корона тавлид мекунанд.

Ба гуфтаи донишмандон, муҳаққиқон дар Коста-Рика (Амрикои Марказӣ) қарор аст бо истифода аз антибодиҳои эҷодшуда дар асбҳои олуда ба вируси корона, равиши дармони арзон ва ҷадидро ба вуҷуд оваранд.

Муассисаи IPC донишгоҳи Коста-Рика як муассисаи тавсеаёфта аст, ки доруи антибодии асбро рӯйи 26 бемор озмоиш кардааст.

Ин донишмандони коста-рикаӣ қарор аст замоне, ки ба антибодиҳои фаровон даст ёфтанд, онро ба унвони моддаи аввалияи сирум барои беморони коронаӣ истифода кунанд.

Онҳо протоини вирусро аз Чин ва Англия ворид кардаанд ва онро ба шаш асб аз 110 асб, ки IPC барои тест истифода мекунад, тазриқ карданд.

Мақомоти Коста-Рика умедворанд, ки агар натоиҷи ҳосил аз ин мутолеот дилгармкунанда бошад, метавонанд ба таври густурдатаре дармонро дар бемористонҳо оғоз кунанд.

Талошҳои мушобеҳе низ дар Аргентина ва Бразилия сурат гирифтааст ва донишмандон дар Белгия низ аз ламаҳо (шутури бекуҳон -  бузшутур) барои тавлиди антибодӣ истифода мекунанд.