Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо ба Сербистон ва Косово дар бораи эҷоди сафорат дар Қудси ишғолӣ
(last modified 2020-09-08T19:39:45+00:00 )
Сентябр 09, 2020 00:39 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо ба Сербистон ва Косово дар бораи эҷоди сафорат дар Қудси ишғолӣ

Яке аз иқдомоти Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико дар ростои хушхидматӣ ба режеми саҳюнистӣ, ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режеми саҳюнистӣ ва интиқоли сафорати Амрико ба ин шаҳр дар марти 2018 буд, ки бо мухолифати ҷаҳонӣ рубару шуд.

Бо ин ҳол Трамп акнун мекӯшад, то дигар кишварҳо ба вежа кишварҳои аврупоиро низ водор ба иқдоми ҳаммонанди худ кунад .Ин амр бо мухолифати Иттиҳодияи Аврупо мувоҷеҳ шудааст.

 Иттиҳодияи Аврупо рӯзи душанбе 7 сентябр ба Сербистон ва Косово дар хусуси талош барои эҷоди сафорат дар Қудс ҳушдор дод.Петер Остано-сухангӯи умури хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо изҳор дошт, ки Сербистон ва Косово, ки ба думболи пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупо ҳастанд, бояд бидонанд, ки чунин иқдоме бо интизороти Брюссел таззод дошта ва ҳар гоме, ки мавзеъи муштараки Иттиҳодияи Аврупо дар бораи Қудсро зери савол бибарад, мояи нигаронии ҷиддӣ ва таассуф хоҳад буд.

 Ин мақоми Иттиҳодияи Аврупо таъкид намуд, ки агар Сербистон ва Косово пайвастан ба Иттиҳодияи Аврупоро дар авлавият қарор дода бошанд, Брюссел аз онҳо интизор дорад нисбат ба усули он низ пойбанд бошанд.Остано ҳушдор дод: Сербистон ба унвони кишваре, ки музокирот барои ворид шудан ба Иттиҳодияи Аврупоро оғоз кардааст бояд комилан бо Брюссел ҳамоҳанг бошад.

 Ахиран Алксандр Вучич-раисҷумҳури Сербистон ва Абдулло Ҳути-нахуствазири Косово дар ҳузури Трамп дар Кохи сафед қабул карданд, то равобити иқтисодии худро оддӣ кунанд.Ҳамчунин Сербистон аз тасмими интиқоли сафорати худ дар Тел-Авив ба Қудс то июли 2021 хабар дод.Косово низ тасмим гирифтааст, то бо ба расмият шинохтани режеми саҳюнистӣ, равобити дипломатӣ бо он барқарор кунад.

 Бо таваҷҷуҳ ба ҳамсуии нисбии Аврупо ва Амрико дар бораи ҳимоят аз режеми саҳюнистӣ ва ҳимояти моддӣ ва сиёсӣ аз он, Трамп тасаввур мекард, ки аврупоиҳо бо тасмими вай дар бораи ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режеми саҳюнистӣ ва интиқоли сафорат ба ин шаҳр мухолифат накарда ва ё ҳадди аксар мухолифати мулоим бо он нишон диҳанд.

 Бо ин ҳол мавзеъгирии шадиди Иттиҳодияи Аврупо алайҳи иқдоми Трамп аз замони эъломи ин амр то кунун нишон дод, ки бояд ихтилоф бар сари ояндаи Қудсро ба феҳристи дар ҳоли афзоиши ихтилофоти ду сӯи уқёнуси Атлантика изофа кард.Дар айни ҳол Иттиҳодияи Аврупо ҳар гуна иқдоме дар ин заминаро аз ҷониби аъзои ин иттиҳодия ва ё дигар кишварҳои аврупоӣ, ки хоҳони пайвастан ба ин иттиҳодия ҳастанд маҳкум карда ва дар бораи паёмадҳои он ҳушдор додааст.

 Масъалаи муҳим ин аст, ки ба рағми иқдоми ғайриқонунии Трамп, аммо Қудс дар сатҳи ҷаҳонӣ ба унвони пойтахти режеми саҳюнистӣ пазируфта нашудааст. Режеми саҳюнистӣ аз шарқ ва ғарби Қудси ишғолӣ ба унвони пойтахти худ ном мебарад, аммо ин амр мавриди қабули Созмони Миллал қарор надорад.

Маҷмаъи умумии Созмони миллал дар 21 декабри 2017 бо 128 раъй мувофиқ 9 раъйи мухолиф ва 35 раъйи бетараф , қатъномаеро алайҳи иқдоми якҷонбаи Трамп дар ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти режеми саҳюнистӣ ва интиқоли сафорати Америка ба ин шаҳр ба тасвиб расонд.

 Ба ҳамин далел давлати Трамп талоши зиёде барои ташвиқ ва ё водор кардани давлатҳои муттаҳиди худ барои интиқоли сафораташон аз Тел-Авив ба Қудс сурат дод. Бархе давлатҳои Амрикои лотин ба ин хостаи Трамп вокуниши мусбат нишон дода ва кишварҳои Гватемала ва Парагвай эълом карданд, ки иқдом ба интиқоли сафорати худ ба Қудс мекунанд.

 Бо ин ҳол бо идомаи иқдомоти Трамп дар заминаи ҳимояти ҳамаҷониба аз Исроил ва зиддият бо Фаластин, монанди қатъи кумакҳо ба Созмони кумакрасонии Миллали Муттаҳид ба Фаластин ,қатъи кумакҳо ба фаластиниҳо ва хурӯҷ аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Миллал, ки бо маҳкумияти ҷаҳонӣ мувоҷиҳ шудааст, акнун бархе аз ҳамон кишварҳои муттаҳиди Амрико дар тасмими қаблии худ бознигарӣ кардаанд.

 Аз ҷумла Парагвай дубора сафорати худро аз Қудс ба Тел-Авив мунтақил кард .Ба гуфтаи Елена Сопонина-мушовири раиси институти таҳқиқоти роҳбурдии Русия  Доналд Трамп-раисҷумҳури Амрико бо ба расмият шинохтани Қудс ба унвони пойтахти Исроил бо оташ бозӣ мекунад.

Дар ҳоли ҳозир танҳо сафоратхонаҳои Амрико ва Гватемала дар Қудси ишғолӣ фаъолият мекунанд ва сафоратхонаҳои дигар кишварҳое, ки бо режеми саҳюнистӣ равобити дипломатӣ доранд, дар Тел-Авив мустақар ҳастанд.

 Акнун Сербистон ва Косово ба пиндори худ барои хушнудии Тармп ва ба даст овардани имтиёзоте аз Вашингтон, ба хостаи ғайриқонунии вай рӯи хуш нишон дода ва Белград қавли эҷоди сафорат дар Қудси ишғолӣ ва Косово низ қавли барқарории равобити сиёсӣ ва дипломатӣ бо режеми саҳюнистӣ додааст.

Бо ин ҳол мавзеъи манфӣ ва қотеъонаи Иттиҳодияи Аврупо ва ҳушдор ба ин ки чунин иқдоме монеи бузург бар сари роҳи узвияти ин ду давлат дар Иттиҳодияи Аврупо эҷод мекунад, нишон медиҳад, ки Сербистон ва Косово наметавонанд рӯйкарди манфиъатҷуёнаи кунунӣ, яъне талош барои касби ризояти Амрико аз як су ва талоши узвият дар Иттиҳодияи Аврупоро аз сӯи дигар, ба таври ҳамзамон думбол кунанд.

 

Барчасп