Вокуниши тунди Бойден ба пинҳонкории Трамп дар бораи корона
Эътирофи раисҷумҳури Амрико ба кӯчакнамоии таҳдиди вируси корона бо вокуниши тунди номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар рубару шуд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Райтер, Ҷу Бойден-номзади Ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2020-и Амрико дар вокуниш ба пинҳонкории Доналд Трамп-раисҷумҳури ин кишвар ва номзади ҷумҳурихоҳон дар бораи мизони хатари вируси корона гуфт: Трамп бо анҷом надодани вазифаи худ, ба мардуми Амрико хиёнат кардааст.
Бойден афзуд: Трамп барқасдона ва огоҳона дар бораи мизони маргбор будани вируси корона ба афкори умумӣ дурӯғ гуфтааст.
Шабакаи CNN ахиран файли савтӣ аз мусоҳибаи Трамп дар таърихи 19 март бо рӯзноманигоре ба номи Боб Вудворд мунташир кард, ки дар он раисҷумҳури Амрико эътироф карда, ки хатари вируси коронаро камаҳамият ҷилва додааст.
Трамп сипас дар нишасти хабарӣ дар Кохи сафед, зимни пазириши ин мавзӯъ гуфта буд, ки намехоста боиси густариши ваҳшат ва ҳарос аз ин вирус шавад.
Амрико ҳамакнун дар садри кишварҳои ҷаҳон ҳам аз назари мизони шумори афроди олуда ба вируси корона ва ҳам аз назари мизони маргу мир аз ин вирус қарор дорад.