Вокуниши Созмони афви байналмиллал ба тавофуқи Баҳрайн бо Исроил
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57378-Вокуниши_Созмони_афви_байналмиллал_ба_тавофуқи_Баҳрайн_бо_Исроил
Созмони афви байналмиллал ба тавофуқи оддисозии равобити Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Сентябр 12, 2020 14:23 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Созмони афви байналмиллал ба тавофуқи Баҳрайн бо Исроил

Созмони афви байналмиллал ба тавофуқи оддисозии равобити Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ вокуниш нишон дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон; Созмони афви байналмиллал дар вокуниш ба тавофуқи оддисозии равобити Баҳрайн ва режими саҳюунистӣ дар ҳисоби твиттерии худ таъкид кард: Ҳеҷ тавофуқномаи дипломатике наметавонад моҳияти ишғолгари Исроилро тағйир диҳад ва ё ин ки фаластинёнро аз ҳуқуқашон маҳрум кунад.

Ин созмон дар ҳисоби твиттерии худ навишт: Ҳар фароянде барои таҳаққуқи сулҳи одилона ва фарогир дар масъалаи Исроил ва Фаластин бояд бо поёни шаҳраксозии ғайриқонунии Исроил ҳамроҳ бошад.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҷумъашаб аз оддисозии равобит миёни Баҳрайн ва режими саҳюнистӣ хабар дод.

Ин тавофуқ бо интиқодоти густурда дар ҷаҳони ислом мувоҷеҳ шудааст.

13 август низ дар паи талошҳои Трамп барои тасҳили раванди оддисозии равобити режимҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ, Аморот ва Исроил бар сари оддисозии комили равобити дипломатик ба тавофуқ расиданд.