Сентябр 13, 2020 09:14 Asia/Dushanbe
  • “Фонуси ҷодуӣ”-и ҷашнвораи Венетсия дар дасти

Филми синамоии "Хуршед", сохтаи Маҷиди Маҷидӣ, коргардони эронӣ ҷоизаи "Фонуси ҷодуӣ" бахши иловагии ҷашнвораи Венетсияро аз они худ кард.

Ба гузориши ИРНА, филми эронии "Хуршед", достони гурӯҳе аз кӯдакони кор аст, ки думболи ганҷ мегарданд, ғофил аз инки ин ганҷ худи онон ҳастанд.

Ҳамчунин дар ин ҷашнвора Рӯҳуллоҳи Замонӣ, бозигари навҷавони филми “Хуршед”, ҷоизаи Марчелло Мастриониро барои беҳтарин бозигари ҷавони падида касб кард.

77-умин ҷашнвораи байналмилалии филми Венетсия аз дувуми сентябр таҳти тадобири шадиди беҳдоштӣ дар Италия оғоз ба кор кардааст. Дар ин ҷашнвора 18 филм, аз ҷумла филми синамоии "Хуршед", сохтаи Маҷиди Маҷидӣ барои тасоҳуби ҷоизаи шери тиллоӣ бо ҳам рақобат карданд.

Маҷиди Маҷидӣ, аввалин коргардони эронӣ аст, ки номзади дарёфти ҷоизаи Оскар шуда буд ва филми "Бачаҳои осмон"-и ӯ ҷузъи панҷ номзади ниҳоии дарёфти беҳтарин филми хориҷӣ забони Оскар дар соли 1998 буд.

Ҷашнвораи филми Венетсия ба унвони қадимитарин ҷашнвораи синамоии ҷаҳон ва яке аз се ҷашнвораи муҳимми филм дар Аврупо авохири тобистони ҳар сол мизбони синамодӯстон аст.

 77-умин давраи ин ҷашнвора, бо вуҷуди шуюи куруно, аз 2 то 12 сентябр баргузор шуд ва дар поён бо эътои ҷоизаи шери тиллоӣ ба филми “Нокуҷообод”, сохтаи Хлоя Чжао ба кори худ поён дод.