Даъвати Русия аз 6 кишвар барои мушорикат дар машқҳои стратегӣ
Вазорати дифои Русия шаш кишварро барои ширкат дар тамрини стратегии "Қафқоз-2020" даъват кардааст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Интерфакс , Вазорати дифои федератсияи Русия эълом кард, ки аз 6 кишвар Эрон , Арманистон , Беларус , Чин , Мянмар ва Покистон барои ширкат дар ин размоиш даъват кардааст .
Машқи ҳарбии стратегии Кавказ-2020 аз 21 то 26 сентябр баргузор хоҳад шуд.
Намояндагони 6 кишвари дигар аз ҷумлаи Тоҷикистон , Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Қазоқистон ба унвони нозир дар ин размоиш ширкат мекунанд .
Ҳудуди 80 ҳазор нафар дар ин манёври низомӣ ба фармондиҳии Русияи ширкат хоҳанд кард .
Чигунагии истифода аз энержии пок дар заминаи низомӣ ва баррасии масоили марбут ба тазмини амнияти низомӣ дар манотиқи ҷануби ғарбии Русияи яке аз аҳдофи баргузории ин размоиш эълом шудааст .