Лавров: Талошҳои зиддиэронии Амрико ба ҷое намерасад
Вазири умури хориҷаи Русия бори дигар аз рӯйкарди зиддиэронии Амрико интиқод кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сергей Лавров рӯзи ҷумъа дар мусоҳиба бо РИА Новости аз иқдомоти хасмонаи Амрико алайҳи Эрон башиддат интиқод кард ва гуфт: Таҳримҳое, ки Амрико талош мекунад аз тариқи онҳо Эронро заиф кунад, ҳеҷ гоҳ ба натиҷа нахоҳад расид.
Лавров афзуд: Талошҳои Вашингтон барои эҷоди гуфтугӯ дар бораи мушкилоти ғарби Осиё ва шимоли Африқо дар як масири зиддиэронӣ низ бесамар хоҳад буд.
Амрико баъд аз хориҷ шудани ғайриқонунӣ аз тавофуқи ҳастаӣ дар 8 майи 2018 корзори ҳамаҷониба барои фишор овардан бар Эрон ба роҳ андохтааст.
Ин иқдоми Трамп бо маҳкумияти густурдаи дохилӣ ва байналмиллалӣ рубару шудааст.