Сентябр 20, 2020 16:31 Asia/Dushanbe
  • 98 кушта ва захмӣ дар тирандозиҳои Амрико

Тирандозиҳои 24 соати гузашта дар нуқоти мухталифи Амрико, 98 кушта ва захмӣ барҷо гузошт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико  имрӯз  якшанбе эълом кард , дар 24 соати гузашта дар иёлотҳои мухталифи ин кишвар , 58 мавриди тирандозӣ рӯй дода, ки бар асари он , 19 нафари кушта ва 79 нафар захмӣ шуданд .
Бар асоси ин гузориш , бештари  ин тирандозиҳо дар Огайо, Иллинойс ва Ню-Йорк рӯй додааст.
 Амрико бо мавҷе аз хушунат , гаравгонгирӣ ва ҳамалоти мусаллаҳона рӯ ба рӯ аст .
Солона  ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрикои кушта ва ё захмӣ мешаванд . Бар асоси гузоришҳои расмӣ , ҳудуди 270 то 300 миллион қабзаи силоҳи гарм дар Амрико вуҷуд дорад; яъне  тақрибан ба изои ҳар нафар як аслаҳа дар ин кишвар ёфт мешавад .
Бо вуҷуди дархости гурӯҳҳои ҳомӣ ва мудофеи ҳуқуқи шаҳрвандӣ дар Амрико , ба иллати қудрати лобии аслаҳа , токунун ҳеҷ як аз давлатҳои Амрико  муваффақ ба вазъи қавонин   дар хусӯуси маҳдудияти фурӯши силоҳ дар ин кишвар нашудаанд .
Раисҷумҳури Амрико "Доналд Трамп "   яке аз ҳомиёни аслии аслаҳадорони амрикоӣ аст .
Трамп дар оғози даврони раёсат  ҷумҳуриаш хитоб ба дорандагони аслаҳа дар Амрико гуфта буд : 8 соли таъарруз ба ҳуқуқи аслаҳадорони амрикоӣ ба поён расидаасту ҳоло  онҳо як ҳомии воқеӣ дар Кохи сафед доранд.

Барчасп