Сентябр 23, 2020 14:05 Asia/Dushanbe
  • Идомаи густариши вируси корона дар Аврупо

Мақомоти аврупоӣ барои муқобила бо густариши вируси корона тадбирҳои сахтгиронаеро ба иҷро гузоштанд .

Ба гузориши хабаргузории Тасним , коршиносону мақомоти тандрустӣ дар Британия ҳушдор доданд, ки шумори гирифторони рӯзона ба вируси корона дар миёнаҳои октябр ба 50 ҳазор маврид афзоиш меёбад.

 Омори мубталоёни нав ба корона дар рӯзҳои ахир ба шиддат дар Британия афзоиш пайдо карда ва рӯзона 3500 то 4 000 гирифтори нав ба ин беморӣ дар ин кишвар гузориш мешавад .

Густариши вируси корона дар Мадрид, пойтахти Испания низ басуръат афзоиш ёфта асту бархе манотиқ дар  ин шаҳр дар карантина қарор гирифтаанд.

 Андрей Бабиш-нахуствазири ҷумҳурии Чехия , ҳам ба саҳлангорӣ дар мубориза бо шуюъи дубораи корона эътироф кард ва иқдоми давлат дар коҳиши маҳдудиятҳо қабл аз таътилоти тобистониро нодуруст арзёбӣ кард .

 Тозатарин оморҳои расмӣ нишон медиҳад, ки дар Испания то ба ҳол 682 ҳазору 267 нафар ба корона мубтало шуда ва 30 ҳазору 904 нафар ҳам дар асари ибтило ба ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд .

 Дар охирин гузоришҳо шумори мубталоён дар ҷаҳон 31 миллиону 783 ҳазору 764 нафар ва теъдоди қурбониён  975 ҳазору 471 нафар эълом шуда аст .

 

Барчасп