Ифшои талоши ДИИШ барои бомбгузорӣ дар Кохи Сафед
Ду тан аз тарафдорони ДИИШ дар Амрико ба иттиҳоми тарроҳӣ барои бомбгузорӣ, шиллик дар Кохи Сафед ва ё бурҷи Трамп дар Ню-Йорк боздошт шуданд.
Ба гузориши ИРНА, шабакаи “НБС нюз” субҳи якшанбе эълом кард, Ҷиллиан Кристофер Молина аз Техас ва Кристофер Шон Мэтьюз аз Каролинаи Ҷанубӣ ба иттиҳоми тавтеа барои пуштибонии моддӣ аз як созмони террористии хориҷӣ дастгир шудаанд.
Бар асоси ин шикоят, Мэтьюз дар соли 2019 аз гурӯҳи чати онлайн барои баҳс дар мавриди ҳамла ба аҳдофе дар Амрико аз тарафи ДИИШ истифода кардаанд.
Гуфта мешавад, ки ин ду нафар ҳамчунин дар мавриди сафар ба Сурия барои пайвастан ба гурӯҳи ДИИШ гуфтугӯ карда буданд.
Онҳо ҳамчунин дар ҳоли баррасии наҳваи бомбгузорӣ дар автомобил, сохти камарбанди интиҳорӣ ва маводи мунфаҷира буданд ва дар мавриди барномаҳои худ аз тариқи як паёмрасони рамзгузорӣ шуда бо дигарон дар иртибот буданд.
FBI аз ироаи ҷузъиёти бештар дар ин маврид худдорӣ кард.