Эҳтимоли зиндонӣ шудани Трамп ва духтараш
(last modified 2020-09-29T17:41:25+00:00 )
Сентябр 29, 2020 22:41 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли зиндонӣ шудани Трамп ва духтараш

Ба гуфтаи як додситони собиқ дар Амрико, эҳтимоли зиндонӣ шудани раиси ҷумҳурии феълии ин кишвар ва духтараш баъд аз давраи раёсати ҷумҳурӣ ба иттиҳоми фирори молиётӣ вуҷуд дорад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз рӯзномаи Эндипендент,  Ник Аккерман додситони собиқт федерал гуфт: Доналд ва Иванко Трамп пас аз тарки Кохи Сафед мумкин аст ба ҷурми " кулоҳбардории молиётӣ " зиндонӣ ‌шаванд.
Аккерман гуфт  фирори молиётии ҷурми панҷсола аст ва ҳарчӣ пули бештаре сирқат шавад, фарди муттаҳам муддати тӯлонитаре ба зиндон меравад .
Гузориши рӯзномаи Ню-Йорк таймз дар мавриди савобиқи молии Доналд Трамп нишон дод ,ки Трамп дар 15 соли гузашта миллионҳо доллар даромад дошта, аммо ҳеҷ молиёте пардохт накардааст .
 Трамп дар соли 2016 ки ба раёсати ҷумҳурии Амрико интихоб шуд фақат 750 доллар молиёт бар даромад пардохт кард ва дар соли 2017 низ бо вуҷӯуи ин, ки миллиардер буд, ҳамин маблағро пардохт .

Барчасп