Вокуниши расонаҳо ба нахустин мунозираи Трамп ва Бойден
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57916-Вокуниши_расонаҳо_ба_нахустин_мунозираи_Трамп_ва_Бойден
Аввалин мунозираи интихоботии номзади ҷумҳурихоҳон ва номзади демократҳои Амрико бо вокунишҳои мухталифи таҳлилгарон ва расонаҳо ҳамроҳ шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 30, 2020 07:29 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши расонаҳо ба нахустин мунозираи Трамп ва Бойден

Аввалин мунозираи интихоботии номзади ҷумҳурихоҳон ва номзади демократҳои Амрико бо вокунишҳои мухталифи таҳлилгарон ва расонаҳо ҳамроҳ шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон, веб  сайти шабакаи Си Эн Эн титр «мунозираи аввал, ошӯби мутлақ »-ро барои ҷамъбандӣ ва таҳлили мунозираи аввали ду номзади интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико интихоб кард .
Коршинос ва муҷрии Си Эн Эн пас аз мунозира гуфт: ин мунозира воқеан фоҷеъа буд ва мардуми Амрико  бозандаи бузурги он буданд .
Таҳлилгари шабакаи Би Би Си низ пас аз поёни мунозираи Бойден ва Трамп дар паёми Твиттерӣ навишт: « Трамп аслан ба қавонини мунозира пойбанд набуд . Идомаи ин тавр  мунозираҳо фоидае надорад.»
Вашингтон пост навишт: Трамп зарфи се дақиқа  10 бор  миёни ҳарфи Бойден парид.

Хабарнигори Bloomberg инчунин дар Twitter навиштааст: Ин мубоҳисаи президентӣ дар Кливленд (баҳс) байни ду мард буд, ки зоҳиран аз якдигар нафрат доштанд.

Нашрияи Атлантик  ҳам дар вокуниш ба мунозираи интихоботии Амрико навишт:" шабе нафратовар барои демократҳо" .
Нахустин мунозираи интихоботӣ миёни Доналд Трамп ва Ҷо Бойден, номзадҳои ҳизбҳои Ҷумҳурихоҳ ва Демократи Амрико  бомдоди рӯзи чаҳоршанбе дар Донишгоҳи Кейс Вестерн Резерв дар Кливленди Огайо баргузор шуд.
Қарор аст ду мунозираи дигари байн Трамп ва Бойден як мунозира  ҳам байни Майк Пенс ва Ҳаррис, муовинони ин ду номзади интихоботӣ баргузор шавад .
Интихоботи раёсати Ҷумҳурии Амрико  сеюми ноябри 2020 баргузор хоҳад шуд .