Сентябр 30, 2020 20:17 Asia/Dushanbe
  • Кашфи оби шӯр бар рӯи Миррих

Созмони фазоии Амрико эълом кард дар тасвирҳои тоза гирифташуда аз Миррих , ҷараёнҳои фаслии оби шӯр дар сатҳи ин сайёра мушоҳида мешавад .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз Спутник , натиҷаҳои мутолиоти нави Созмони фазоии Амрико дар ҳоле эълом мешавад, ки ин созмон муддатҳост бар рӯи рагаҳои тира дар сатҳи Миррих мутолиа карда аст .

Муҳаққиқон мегӯянд, ки ин падида ҷараёнҳои мавсимӣ мебошанд, ки дар давраи гарми сол пайдо шуда, дар фасли сармо нопадид мешаванд.

Кашфи ин ҷараёнҳои оби шӯр дар Миррих тавассути аксбардорӣ бо дурбинҳои HiRISE имконпазир гардид.

Тибқи иттилои Маркази омӯзиши NASA, ин ҷараёнҳои мавсимии шӯр мумкин аст аз кӯлҳое пайдо шаванд, ки замоне дар сатҳи Миррих мавҷуд буданд.

Муҳаққиқони NASA инчунин чунин мешуморанд, ки 4,3 миллиард сол пеш дар Миррих ҳатто хушкиҳое бо номи уқёнус буданд.

Тибқи гуфтаи олимон, мавҷудияти оби моеъ яке аз омилҳои муҳим барои имконпазир будани ҳаёти монанд дар кураи Замин дар Миррих мебошад.