Трампу ҳамсараш ҳам корона гирифтанд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i57972-Трампу_ҳамсараш_ҳам_корона_гирифтанд
Ҳамзамон бо авҷ гирифтани рақобатҳои интихоботӣ дар Амрико Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии ин кишвар аз мусбат шудани озмоиши коронаи худу ҳамсараш хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Октябр 02, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Трампу ҳамсараш ҳам корона гирифтанд

Ҳамзамон бо авҷ гирифтани рақобатҳои интихоботӣ дар Амрико Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии ин кишвар аз мусбат шудани озмоиши коронаи худу ҳамсараш хабар дод.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории ИРНА, Доналд Трамп- раиси ҷумҳӯрии Амрико панҷшанбешаб ба вақти маҳаллӣ дар паёмии твиттерӣ зимни тасдиқи гирифтории худу ҳамсараш ба вируси корона эълом кард, ки ӯ ва Мелания Трамп раванди карантинаи беҳбудиро оғоз кардаанд .

 Трамп соъате пеш аз эъломи хабари мусбат шудани озмоиши коронаии худ дар Твиттер , аз мусбат шудани озмоиши коронаии Хоп Хикс-яке аз дастёронаш хабар дода буд.

 Озмоиши коронаии раиси ҷумҳури Амрико дар ҳоле мусбат эълом шуд, ки ин кишвар дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қарор дорад .

 Бо ин вазъ имкони лағви баргузории мунозираҳои интихоботӣ низ вуҷуд дорад.

 Амрико ҳамакнун дар сархати кишварҳои ҷаҳон ҳам аз назари мизони шумори мубталоён ба вируси корона ва ҳам аз назари мизони маргу мири бархоста аз ин вирус қарор дорад .

 Давлати Амрико, ки бисёр дертар аз кишварҳои дигар ба анҷоми озмоишҳои ташхиси ибтило ба вируси корона рӯй оварда , инак ба далели шумори зиёди афроди бемор бо камбуди дастгоҳҳои ташхисӣ ва таҷҳизоти пизишкӣ мувоҷеҳ шуда аст.

 Давлати Амрико ва мушаххасан Доналд Трамп- раиси ҷумҳӯрии ин кишвар ба далели бемасъулиятӣ дар қиболи густариши корона дар Амрико башиддат ҳадафи интиқодҳо қарор гирифта  аст.