Даргириҳо дар Қарабоғ ба рӯзи шашум расид
(last modified Fri, 02 Oct 2020 12:38:30 GMT )
Октябр 02, 2020 17:38 Asia/Dushanbe
  • Даргириҳо дар Қарабоғ ба рӯзи шашум расид

Даргирии байни нерӯҳои ҷумҳӯрии Озарбойҷону Арманистон дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ барои шашумин рӯзи паёпай ҳамчунон идома дорад .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Спутник , вазорати дифои Озарбойҷон дар баёнияе эълом кард: Даври ҷадиди даргирии нерӯҳои ин кишвар бо нерӯҳои арманӣ дар манотиқи мухталифи минтақаи Қарбоғ ҳамчунон идома дораду то кунун дастикам 130 нафар аз нерӯҳои ду тараф дар ин ҷанг ҷони худро аз даст додаанд . Вазорати дифои ҷумҳӯрии Озарбойҷон аз Арманистон хост ҳамла ба хоки Озарбойҷонро мутаваққиф кунад .

 Бо поён ёфтани даргириҳо байни низомиёни Арманистону ҷумҳӯрии Озарбойҷон дар минтақаи марзии Товуси Қарбоғ дар 12 июл , акнун даври ҷадиди ин даргириҳо аз якшанбеи гузашта бо оташ гушӯдани нерӯҳои ду тараф оғоз шуда аст .

 Муноқишаи миёни ҷумҳӯрии Озарбойҷону Арманистони бар сари минтақаи Қарабоғ дар соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд.