Октябр 02, 2020 20:24 Asia/Dushanbe
  • Нусхаи амрикоиҳо барои дармони коронаи Трамп

Пас аз интишори хабари гирифтории Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии Амрико ба вируси корона , шаҳрвандони ин кишвар мутобиқи изҳори назарҳои қаблии вай ба у тавсия карданд " маводи шуянда " бинушад, то аз хатари марг дар амон бимонад .

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз ИРНА, шаҳрвандони амрикоӣ рӯзи ҷумъа дар вокуниш ба хабари гирифтории Доналд Трампу ҳамсараш ба корона дар шабакаҳои иҷтимоӣ хитоб ба у тавсия карданд : Тибқи таъкиди қаблии ӯ ба мубталоён ба корона , маводи шуянда бинушанд, ки дар рафъи корона муъҷиза мекунад.

 Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯрии Амрико панҷшанбешаб ба вақти маҳаллӣ дар Твиттер аз мусбат шудани озмоиши коронаии худу ҳамсараш хабар дод.

 Трамп аз замони шуюъи вируси корона изҳороти ғалат ва гоҳе бисёр аҷибе дар хусуси ин вирус матраҳ карда аст.

 Раиси ҷумҳӯрии Амрико дар марҳилае мардумро ба хурдани маводи зиддиуфуникунанда даъват кард , сипас пешниҳод дод нур ба дохили бадани мубталоён тазриқ шавад ва пас аз он омили дармони коронаро масрафи доруи бемории малария эълом кард .

 Амрико ҳамакнун дар сархати кишварҳои ҷаҳонӣ ҳам аз назари мизони шумори мубталоён ба вируси корона ва ҳам аз назари мизони маргу мири вобаста ба ин вирус қарор дорад.

 

Барчасп