Суханҳои ҷангталабонаи Эрдуғон дар бораи даргириҳои Қарабоғ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58013-Суханҳои_ҷангталабонаи_Эрдуғон_дар_бораи_даргириҳои_Қарабоғ
Раиси Ҷумҳурии Туркия гуфт, ки муборизаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар баробари Арманистон то озодсозии комили минтақаи Қарабоғ бояд идома ёбад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 03, 2020 17:18 Asia/Dushanbe
  • Суханҳои ҷангталабонаи Эрдуғон дар бораи даргириҳои Қарабоғ

Раиси Ҷумҳурии Туркия гуфт, ки муборизаи Ҷумҳурии Озарбойҷон дар баробари Арманистон то озодсозии комили минтақаи Қарабоғ бояд идома ёбад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои  Хуросон ба нақл аз хабаргузории Анатолия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар суханоне дар маросими ифтитоҳи бемористони шаҳри Қуния гуфт: Ҷумҳурии Озарбойҷон бояд дар баробари Арманистон муқовимат кунанд то пирӯзӣ ҳосил шавад .
Эрдуғон  пештар бар ҳимояти Анкара аз Ҷумҳурии Озарбойҷон  таъкид ва эълом кардааст, ки миллати Туркия бо ҳамаи имконоте, ки дар ихтиёр дорад, дар канори кишвари бародари Озарбойҷон  меистад .
Муноқиша  миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон бар сари минтақаи Қарабоғ нахустин бор  соли 1988 оғоз ва дар соли 1991 ба даргирии низомӣ табдил шуд .
Аз субҳи якшанбе  28 сентябри 2020 низ Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистони бори дигар бар сари Қорабоғ даргир шудаанд ва то кунун шуморе аз неруҳои ду тараф дар ин даргириҳо кушта ё захмӣ шудаанд .