Эътирози Арманистон ба ҳимояти таслиҳотии режими саҳюнистӣ аз Боку
Раиси Ҷумҳурии Арманистон аз ҳимояти таслиҳотии режими саҳюнистӣ аз Ҷумҳурии Озарбойҷон интиқод кард ва онро ғайри қобили қабул хонд.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Арман Пресс Раиси Ҷумҳурии Арманистон Саркиссиён дар як гуфтугӯи телефонӣ бо Раиси режими саҳюнистӣ Исроил Ровин Ривлин гуфт, ки силоҳ ва таҷҳизоти ҳарбие, ки Исроил барои бомбаборон кардани шаҳрҳои Арманистон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон фурӯхтааст барои бомбборони шаҳракҳои арманинишин ва ғайринизомиён истифода мешаванд, ки талафоти ҷонӣ ва харобӣ меоранд.
Раиси Ҷумҳурии Арманистон ҳамчунин таъкид кард,ки тадовуми ҳимояти таслеҳотии Тел-Авив аз Боку бо ҳеч стандарте қобили қабул нест ва ин мавзӯ метавонад равобити Арманистон ва Исроилро ба таври ҷиддӣ тазъиф кунад.
Саркиссиён аз Раиси режими саҳюнистӣ хостирсоли таслиҳот ба Ҷумҳурии Озарбойҷонро фавран мутаваққиф кунад.
Паҳбодҳои сохти режими саҳюнистӣ дар артиши Ҷумҳурии Озарбойҷон нақши таъинкунанда дар даргириҳои Боку ва Ереван ифо мекунад ба тавре, ки Вазорати хориҷаи Арманистон қаблан сафири Исроилро дар ҳамин бора эҳзор кард.
Аз якшанбеи ҳафтаи гузашта даргириҳо миёни низомиёни Арманистон ва ҷумҳурии Озарбойҷон дар минтақаи мавриди муноқишаи Қарабоғ аз сар гирифта шуд ва то кунун талафоти зиёде миёни ғайринизомиён гузориш шудааст.