Октябр 10, 2020 11:49 Asia/Dushanbe
  • Лағви дуввумин мунозираи интихоботии Трамп ва Бойден

Дувумин мунозираи интихоботӣ байни раисиҷумҳури Амрико ва рақиби демократи ӯ лағв шуд.

Ба гузориши СНН, Комиссиюни мунозираҳои раёсатҷумҳурии Амрико рӯзи шанбе ба вақти маҳаллӣ дар баёнияе эълом кард, дувумин мунозираи Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар ва Ҷо Бойден, номзади демокротҳо дар интихоботи раёсатҷумҳурии сеюми ноябри 2020, 15 октябр баргузор нахоҳад шуд.

Ин комиссиюн эълом кардааст, тавваҷӯҳи худро бар омодагӣ барои охирин мунозираи интихоботӣ дар 22 октябр мутамарказ мекунад.

Ин комиссиюн рӯзи ҷумъа ҳам эълом карда буд, ки пас аз ихтилофи назар дар мавриди шакли баргузорӣ, мунозираи 15 октябр байни Трамп ва Бойден баргузор нахоҳад шуд.

Комиссиюни мунозираҳои раёсатҷумҳурии Амрико эълом карда буд, аз онҷо ки озмоиши куруноии Трамп мусбат шудааст, дувумин мунозира ба сӯрати маҷозӣ анҷом хоҳад шуд, аммо Трамп бо ҳузур дар мунозираи маҷозӣ мухолифат кардааст.

Трамп 2-уми октябр бо мусбат шудани озмоиши куруноияшш дар бемористони Уолтер Рид(Walter Reed) бистарӣ ва рӯзи душанбе 5 октябр аз бемористон тархис шуд ва ба Кохи Сафед бозгашт.

Интиқодҳо аз рафтори Трамп, дар бардоштани моск ҳангоми бозгашт ба Кохи Сафед ва гуфтаҳои ӯ дар бораи таслим нашудан ба вируси куруно идома дорад.

 

 

Барчасп