Октябр 20, 2020 15:30 Asia/Dushanbe
  • Нишасти намояндагони Толибон ва давлати Афғонистон бенатиҷа тамом шуд
    Нишасти намояндагони Толибон ва давлати Афғонистон бенатиҷа тамом шуд

Бори дигар нишасти гурӯҳи тамоси тими музокиракунандаи Толибон ва давлати Афғонистон барои ҳалли масоили ихтилофӣ бар сари дастури кори музокирот бенатиҷа поён ёфт.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Муҳамад Наим- сухангӯи тими музокиракунандаи Толибон изҳор дошт, ки 3 нафар аз гурӯҳи тамоси тими музокиракунандаи ин гурӯҳ бо 3 нафар аз гурӯҳи тамоси музокиракунандаи давлати Афғонистон барои ҳалли масоили ихтилофии дастури кори музокироти Доҳаи Қатар дидору гуфтугӯ карданд.

Наим афзуд: Дар ин нишаст боз ҳам дар бораи нуқоти ихтилофӣ гуфтугӯ шуд ва бар истимрори ин нишастҳо таъкид гардид то ҳар чи зудтар тавофуқи ниҳоӣ бар рӯи дастўри кори музокирот ҳосил шавад.

Нодири Нодирӣ- сухангӯи тими музокиракунандаи давлати Афғонистон низ бо таъйиди ин нишаст гуфт, ки дидорҳо барои ҳалли мавориди ихтилофӣ идома хоҳад дошт.

Музокироти ду тараф ҳамзамон бо идомаи даргириҳо дар беш аз 20 вилояти Афғонистон ҷараён дорад.

Нодирӣ чанде қабл ҳушдор дод, ки агар даргириҳо тадовум ёбад тими давлати Афғонистон мумкин аст маҷбур ба таҷдиди назар дар бораи музокирот шавад.

Сухангӯи тими музокиракунандаи давлати Афғонистон дар бораи таъкиди Толибон бар мабнои қарор гирифтани тавофуқномаи Қатар ва фиқҳаи ҳанафӣ дар музокирот низ мегуяд ин иқдом аз гуфтугӯ дар бораи баҳсҳои аслӣ монанди оташбас ҷилавгирӣ кардааст.

Бештар бихонед:

 

Барчасп