Чаро Ҳикматёр аз ташкили давлати муваққат дар Афғонистон сухан мегӯяд?
(last modified Mon, 26 Oct 2020 11:04:58 GMT )
Октябр 26, 2020 16:04 Asia/Dushanbe
  • Суханони Гулбиддин Ҳикматёр дар бораи ташкили давлати муваққат дар Афғонистон вокунишҳои бисёре барангехта аст
    Суханони Гулбиддин Ҳикматёр дар бораи ташкили давлати муваққат дар Афғонистон вокунишҳои бисёре барангехта аст

Раиси Ҳизби исломии Афғонистон дар мавзеъи ҷанҷолӣ ва тааммулбарангез, танҳо роҳи ҳалли буҳрони ин кишварро ташкили давлати муваққат донист.

Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон ахиран дар як нишасти хабарӣ дар Кобул гуфт, гурӯҳи Толибон, давлати кунӯнии Афғонистон ба раёсати Муҳамад Ашраф Ғаниро қабул надорад ва танҳо роҳи ҳалли мушкилоти ин кишвар эҷоди як давлати муваққат аст. Раиси Ҳизби исломии Афғонистон афзуд, Покистон ба вай итминон дода, ки дар раванди музокироти сулҳи Афғонистон, содиқона амал хоҳад кард. Ҳикматёр чанд рӯзи пеш ба Покистон сафар карда буд ва бо мақомоти аршади ин кишвар, аз ҷумла Имрон Хон, нахуствазир дидор ва гуфтугӯ кард.

Изҳори назари тааммулбарангези Ҳикматёр дар бораи ташкили давлати муваққат барои хориҷ шудани Афғонистон аз бунбасти сиёсӣ масаълае аст, ки тарҳи он дар наздик ба ду соли гузашта бо вокунишҳои тунде дар ин кишвар мувоҷеҳ шудааст.

Ин мавзеи раиси Ҳизби исломии Афғонистон дар ҳоле аст, ки бархе маҳофили Афғонистон сафари Ҳикматёр ба Покистон ва дидорҳояш бо бархе мақомоти аршади Исломободро талош барои барандозии давлати кунӯнии ин кишвар тавсиф карданд. Ба хусӯс онки Ҳикматёр, ки ҳеч гӯна симати расмӣ дар давлати Афғонистон надорад, дар сафар ба Исломобод бо муттаҳам кардани давлати Афғонистон ба тахриби раванди сулҳ гуфта буд: «Давлати Ашраф Ғанӣ хостори идомаи ҷанг аст ва тарафдори сулҳ нест.»  

Ҳикматёр бори дигар ҷанҷол ба по кард

Суханони ҷанҷолии Ҳикматёр дар муттаҳам кардани давлати Афғонистон ба коршиканӣ дар раванди сулҳ дар сафар ба Покистон мухолифи аҳдофи эълом шудаи сафари вай дар бораи ройзанӣ бо мақомоти Исломобод барои кумак ба истиқрори сулҳ дар он кишвар арзёбӣ шудааст. Илова бар онки сафари Ҳикматёр ба Покистон ва мавзеи тунди вай алайҳи давлати Ашраф Ғанӣ вокунишҳои тунде дар дохили Афғонистон ба дунбол дошт, мавзеи вай дар бораи ташкили давлати муваққат дар нишасти хабарӣ бо ҳадафи ташреҳи натоиҷи ин сафар метавонад, интиқодҳо аз раиси Ҳизби исломиро ба шиддат афзоиш диҳад.

Пеш аз ин низ масаълаи ташкили давлати муваққат дар Афғонистонро Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон дар раванди гуфтугӯҳои Вашингтон ва Толибон матраҳ шуд, ки мухолифатҳои ҷиддии мардум, давлат ва бархе аз аҳзоби Афғонистонро дар пай дошт. Бо тавваҷӯҳ ба таҷрибаи мухолифатҳои густарда бо тарҳи ташкили давлати муваққат дар Афғонистон ин пурсиш матраҳ аст, ки чаро Ҳикматёр дубора ин тарҳи ҷанҷолиро матраҳ карда аст?

Ин гумона матраҳ аст, ки Ҳикматёр умед дорад бо ташкили давлати муваққат дар Афғонистон битавонад дар ояндаи сиёсии ин кишвар бо ширкати Толибон дар маносиби муҳими қудратӣ ҳузур пайдо кунад. Шояд бар мабнои чунин сенарияе аст, ки чанде пеш Ҳикматёр пешниҳоди эътилоф бо Толибонро ироа кард, ки албата ин гурӯҳ ба пешниҳоди вай вокуниш нишони надод.

Дар ҳоле Ҳикматёр тарҳи ташкили давлати муваққат барои хурӯҷи Афғонистон аз буҳронро матраҳ кардааст, ки хостаи аслии Толибон дар музокироти Қатар, иҷроӣ шудани тааҳҳуди Амрико ба хурӯҷи комил аз Афғонистон аст.  

 

БЕШТАР БИХОНЕД:

Тардиди Халилзод дар бораи ба натиҷа расидани музокироти сулҳи Афғонистон

Бозгашти Толибон ва давлати Афғонистон ба мизи музокира