Корона дар кадом ҳарорат нобуд мешавад?
https://parstoday.ir/tg/news/world-i58611-Корона_дар_кадом_ҳарорат_нобуд_мешавад
Олимон чанде пеш дар таҳқиқоти худ гузориш доданд, ки вируси корона дар ҳарорати баланд ба осонӣ нобуд мешавад.
(last modified 2026-01-06T06:33:23+00:00 )
Октябр 26, 2020 17:02 Asia/Dushanbe
  • Корона дар кадом ҳарорат нобуд мешавад?

Олимон чанде пеш дар таҳқиқоти худ гузориш доданд, ки вируси корона дар ҳарорати баланд ба осонӣ нобуд мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии  Садои Хуросон;  шавоҳиди илмӣ нишон медиҳад, ки вируси Ковид -19 дар дамоии 65 дараҷаи сонтиград ба таври комил нобуд мешавад, бо ин ҳол донишмандон мегӯянд  дар дамои 50 то 55 дараҷаи сонтиград вируси корона дар муддати 20 дақиқа аз байн меравад.

Ин дар ҳоле аст ки бо афзоиши дараҷаи ҳарорат ба 75 дараҷаи сонтиград танҳо 3 дақиқа замон лозим аст то тамомии вирусҳо нобуди мешаванд.

Бар асоси  эъломи  Созмони  Ҷаҳонии Беҳдошт аз моҳи сентябр токунун ба таври миёнгин рӯзона беш аз 5 ҳазору 400 тан дар ҷаҳон ба далели ибтило ба Ковид - 19 ҷони худро аз даст додаанд.

Омори рӯзонаи мубталоён ба корона дар кураи замини ҳам ба ним миллион нафар наздик шудааст.

Бештар бихонед: