Октябр 28, 2020 16:01 Asia/Dushanbe
  • Анна Ҳакупиян ба зудӣ барои ширкат дар ҷанги Қарбоғ либоси разм мепӯшад
    Анна Ҳакупиян ба зудӣ барои ширкат дар ҷанги Қарбоғ либоси разм мепӯшад

Анна Ҳакупиян, ҳамсари Никол Пашиниян- нахуствазири Арманистон ба иттифоқи шуморе аз занони дигар як давраи омӯзиши низомиро оғоз карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Фаронса, дар ҳоле, ки даргириҳои мусаллаҳона дар Қарабоғ шиддат гирифтааст, Анна Ҳакупиян- ҳамсари 42 солаи нахуствазири Арманистон дар Фейсбук эълом кард ману 13 зани дигар тамринҳои низомии худро оғоз кардаем ва қарор аст то чанд рӯзи дигар барои ҳимоят аз кишварамон ба марзҳо биравем.

Анна Ҳакупиян, ки сардабири як рӯзнома аст аз августи гузашта барои дувумин бор дар ин давраи омӯзиши низомӣ ширкат кардааст.

Писари 20 солаи нахуствазири Арманистон низ октябри гузашта ба унвони нерӯи довталаб озими марз шуд.

Писари Пашиниян дар ҷабҳаи Қарабоғ алайҳи Озарбойҷон ме‌ҷангад

Нахуствазири Арманистон ҳафтаи гузашта аз нерӯҳои довталаб барои мушорикат дар ҷанге, ки то кунун ҳазор кушта бар ҷо гузоштааст даъват кард.

Муноқишаи Қарабоғ аз гузашта то акнун

Аз бисту ҳафтуми сентябр даргириҳои мусаллаҳонаи шадиде дар Қарабоғ оғоз шуд.

Ин минтақаи маҳсур, ки тақрибан ҳамаи сокинони онро арманиҳо ташкил медиҳанд, пас аз фурупошии иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ ба Ҷумҳурии Озарбойҷон вогузор шуд.

Пеш аз ин низ дар солҳои 1990 минтақаи Қарабоғ саҳнаи ҷанге буд, ки сӣ ҳазор қурбонӣ гирифт. Дар ҳафтаҳои ахир нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Озарбойҷон бахшҳое аз Қарабоғро, ки аз солҳои 1990 аз контроли Боку хориҷ шуда буд, пас гирифтанд.

Талошҳои ҷомеъаи байналмиллалӣ то кунун барои барқарории оташбаси пойдор дар Қарабоғ ва  ҳаллу фасли мусолиматомези муноқишаи Қарабоғ бенатиҷа мондааст.

Бештар бихонед:

 

 

Барчасп