Русия барои кумак ба Арманистон эъломи омодагӣ кард
Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, дар сӯрати ташдиди танишҳо миёни ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон, омодаи кумак ба давлати Ереван аст.
Ба гузориши хабаргузории Спутник, ин эъломи омодагии вазорати хориҷаи Русия дар шароите сурат мегирад, ки Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон имрӯз аз Русия хостааст дар сояи тадовуми даргириҳои низомӣ дар минтақаи Қарабоғ аз давлати Ереван ҳимоят кунад.
Песков: Русия худро ба амнияти Арманистон мутааҳҳид медонад
Пашинян дар номае ба Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ҷузъиёти авзоъ дар Қарабоғро матраҳ ва бо ишора ба тавофуқномаи дӯстии ду кишвар, ки дар 29 августи соли 1997 миёни ду кишвар имзо шуда аз давлати Маскав дархости кумак кард.
Никол Пашинян дар ин нома ба наздик шудани амалиёти низомии ҷумҳурии Озарбойҷон ба марзҳои Арманистон ишора кардааст.
Русия ва Арманистон дар соли 1997 паймони ҳамкории роҳбурдӣ ва кумаки мутақобил ба якдигарро имзо кардаанд.
БЕШТАР БИХОНЕД:
Озарбойҷону Арманистон ба тавофуқии ҷадид даст ёфтанд
Алиев: Русия ирсоли силоҳ ба Арманистонро мутаваққиф кунад
Даргирӣ миёни атбои ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар Русия