Ноябр 01, 2020 19:31 Asia/Dushanbe
  • Омори ҷадиди шуюъи ҷаҳонии вируси корона
    Омори ҷадиди шуюъи ҷаҳонии вируси корона

Баровардаҳои омор аз саросари ҷаҳон нишон медиҳад, ки теъдоди кулли ҷонбохтагон бар асари вируси корона аз марзи як миллиону 200 ҳазор нафар гузашт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, баровардҳои вебгоҳи «World Damter нишон медиҳанд, ки 46 373 777 нафар дар саросари ҷаҳон рӯзи якшанбе ба бемории «Ковид -19» мубтало шуда ва як миллиону 200 ҳазору 193 нафар низ бар асари он ҷони худро аз даст додаанд.

Дар миёни кишварҳои олуда ба ин вирус, Амрико бо ҳудуди 9 миллиону 400 ҳазор нафар, бештарин шумори мубталоён дар ҷаҳонро дорад.

Ин кишвар бо ҳудуди 236 ҳазор ҷон‌бохта, дар рутбаи нахусти кишварҳои дороии бештарин мавориди фавтии вируси корона истодааст.

Директори генералии Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ) Тадрос Адханум гуфт, ки дар бисёр кишварҳо бемориҳои бемислу монанд дида мешаванд.

Яке аз нукоти қобили таваҷҷӯҳи оморҳои раванди шуюъи вируси корона, муддати замони афзоиши шумори мубталоён аст.

 
Бештар бихонед:

Барчасп