Даргирии ҳомиён ва мухолифони Трамп дар иёлоти Калифорния
Полиси Амрико, аз даргирии ҳаводорони Раиси Ҷумҳурии Амрико ва гурӯҳе аз мухолифони онҳо дар иёлоти Калифорния хабар дод.
Ба гузориши Спутник, ҳамоиши тарафдорони Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар Беверли Ҳиллз, иёлоти Калифорния бо эътирозҳои фаъолони ҷунбиши "Ҷони сиёҳпӯстон муҳим аст" рӯбарӯ шуд.
Дар пайи даргирӣ миёни ҳомиёни Трамп ва мухолифони онҳо, идораи полиси шаҳри Беверли Ҳилз ҳар гуна таҷаммӯъро ғайриқонунӣ эълом кард.
Шаҳрҳои мухталифи Амрико. дар остонаи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шоҳиди тазоҳуроти мухолифони Трамп аст.
Доналд Трамп дар аксари назарсанҷиҳои интихоботӣ, аз ҷо Бойден рақиби демократи худ ақибтар аст.
Аз нигоҳи нозирон, эътирозоти зиддинажодпарастӣ ва амалкарди заъиф дар муқобила бо ҳамагирии бемории Ковид -19 аз аслитарин далоили коҳиши маҳбубияти Трамп будааст.
Бештар бихонед: