Октябр 13, 2016 17:48 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ масъулияти ҳамла ба азодорони ҳусайнии Кобулро ба уҳда гирифтааст

Гурӯҳаки террористии ДИИШ масъулияти ҳамла ба азодорони Тосуои ҳусайниро дар Кобул ба уҳда гирифт.

Гурӯҳи такфирии ДИИШ дар шаби Ошурои ҳусайнӣ бо ҳамлаи инфиҷорӣ ба дӯстдорони Абуабдуллоҳ ал-Ҳусейн дар зиёратгоҳи Сахӣ дар шаҳри Кобул даҳҳо азодори ҳусайнӣ, аз ҷумла теъдоде аз занону кӯдаконро шаҳиду захмӣ кард. Дар ин ҳамла чаҳор узви такфирии ДИИШ низ ба ҳалокат расид.

Гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамчунин дар Рӯзи ошӯро ба азодорони ҳусайнӣ дар шаҳри Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, воқеъ дар шимоли Афғонистон ҳамла кард. Дар ин ҳамлаи террористӣ 17 дилбохтаи ҳусайнӣ шаҳид ва 40 нафари дигар низ захмӣ шуд. Гурӯҳи террористии ДИИШ пеш аз ин шиаёни Афғонистонро таҳдид ба ҳамла карда буд.

Ҳаниф Атмар, мушовири амнияти миллии раисҷумҳури Афғонистон гуфтааст, ки ҳукумат бо омилони ҳамалоти террористӣ бархӯрд мекунад. Ин дар ҳолест, ки пештар Ҳукумати Афғонистон аз тадобири шадиди амниятӣ дар айёми муҳаррам хабар дода буд.

 

 

Барчасп