Тарафдорони Трамп бо силоҳи гарм ба хиёбонҳо рехтанд
Тасовири мунташиршуда аз хиёбонҳои Ҷорҷия ва Аризона нишон медиҳад, ки тарафдорони Трамп бо силоҳи гарм ба хиёбон омадаанд ва ба пирӯзии номзади ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико эътироз мекунанд.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, эъломи пирӯзии Ҷо Байден, номзади ҳизби демократ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико аз сӯи расонаҳои амрикоӣ ва ҳамчунин баёнияи худи ӯ дар хусуси пирӯзӣ, боиси хашми тарафдорони Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии кунунии Амрико шудааст.
Шомгоҳи шанбе расонаҳои амрикоӣ, аз ҷумла Си Эн Эн, “Фокснюс”, Си Би Эс, “Ассошейтед Пресс” ва “Ню Йорк Таймс” бо баёни ин ки Байден тавониста ба 290 раъйи электрол даст пайдо кунад, ӯро пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Иёлоти Муттаҳида эълом карданд.
Баъд аз он Трамп бо судури баёнияе зимни напазируфтани пирӯзии рақиби демократи худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ муддаӣ шуд, ӯ дар ҳеч иёлате пирӯз нашудаву интихобот фосилаи зиёдӣ бо поён дорад.
- Хатту нишони твиттерии Трамп барои Ҷо Байден
- Ҳам Байден ва ҳам Трамп иддаои пирӯзӣ мекунанд
- Роҳпаймоии мусаллаҳонаи тарафдорон Трамп дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳӯрии Амрико